Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Киев рӯзи 11-уми декабр дархости додситонии Украинаро барои ҳабси хонагии президенти пешини Гурҷистон ва собиқ раҳбари вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ рад кард. Дар натиҷа ӯ аз толори додгоҳ озод шуд.

Саакашвилӣ дар "қасди анҷоми ҷиноят бо маслиҳати пешакӣ" ва "мусоидат ба аъзои гуруҳҳои ҷиноӣ ва пинҳон кардани ҷиноятҳои онҳо" айбдор мешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, гӯиё ӯ мехост, ба нафъи атрофиёни президенти пешини Украина Виктор Янукович дар ин кишвар табаддулоти давлатиеро созмон диҳад.

Худи Саакашвилӣ ин иддаоро рад карда, дар мурофиаи рӯзи душанбе гуфт, парвандаи ҷиноии зидди ӯ "туҳфа" ба президенти Русия Владимир Путин аст. Ба гуфтаи вай, нафароне, ки бо ин парванда машғуланд, ҷосусони Хадамоти федеролии амнияти Русияанд.

Президенти пешини Гурҷистон баъд аз эъломи ҳукми додгоҳ афзуд, ки додситонҳо мехостанд, ӯро аз сиёсати Украина дур кунанд. "Вале ман одат кардаам, ки бо мардум бевосита суҳбат кунам ва ин корро идома хоҳам дод", - афзуд вай. Ҷонибдорони Саакашвилӣ аллакай эълом карданд, ки 17 декабр дар Киев даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.

Михаил Саакашвилӣ аз 8 декабр ба ин тараф дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти амнияти Украина қарор дошт. Рӯзи якшанбе ба ҷонибдорӣ аз сиёсатмадор ҳазорҳо одам дар Киев роҳпаймоӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG