Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Индонезия тазоҳуроти зиддиамрикоӣ ҷараён гирифт


Намоиши эътирозӣ дар Ҷакарта баъд аз эътирофи Байтулмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил

Гурӯҳи исломгароҳо дар Индонезия рӯзи 11-уми декабр акси Доналд Трамп ва парчами Амрикову Исроилро дар назди сафорати ИМА дар Ҷакарта оташ заданд.

Онҳо аз қарори Трамп дар заминаи эътирофи Байтлмуқаддас ҳамчун пойтахти Исроил норозӣ шудаанд. Индонезия, ки дар он бузургтарин аҳолии мусалмони ҷаҳон зиндагӣ мекунад, ба хори умумии маҳкумияти қарори Доналд Трамп ҳамовоз шуд.

Мақоми Байтулмуқаддас, зиёратгоҳи яҳудиҳо, мусалмонҳо ва насрониҳо - яке аз монеаҳои умда дар роҳи сулҳу созиши байни Исроилу Фаластиниҳо шудааст.

Исроилиҳо бахши шарқии шаҳрро соли 1967 ишғол ва аз худ карданд, ки ҳеҷ гоҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ эъитироф нашуд. Фаластиниҳо талаб доранд, ки пойтахти ояндаи давлати онҳо дар бахши шарқии Байтулмуқаддас бунёд шавад. Исроил даъво дорад, ки ҳамаи Байтулмуқаддас пойтахти давлати яҳудӣ аст.

Дар намоиши эътирозии назди сафорати Амрико дар Ҷакарта, ки бо симхор ва даҳҳо горди амниятӣ муҳофизат мешуд, садҳо нафар иштирок карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG