Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Департаменти давлатии ИМА бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон


Департаменти давлатии ИМА

Департаменти давлатии ИМА бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон изҳорот нашр кард. 69 сол пеш, рӯзи 10 декабр дар Маҷмаи умумии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул шуд.

Ин санади байналмилалӣ барои мусоидат ба эҳтироми шаъну шарафи инсон, баробарҳуқуқӣ ва ҳуқуқи дахлнопазири одамон қабул шуд. Дар эъломия зикр шуд, ки эҳтиром ба ҳуқуқи инсон асоси озодӣ, адолат ва сулҳ аст.

Дар санади нашркардаи сомонаи Департаменти давлатӣ омадааст, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон барои шахсоне, ки дар натиҷаи нооромиҳо кишварҳои худро тарк кардаанд ё ба хотири манфиатҳои дигарон истисмор шудаанд ва ё зидди зулму таъқибҳои ҳукуматдорон мубориза мебаранд, як "даричаи умед" аст. Ҳуқуқи инсон ва демократияро дар Вашингтон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ИМА медонанд.

ИМА бо таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бори дигар ҷонибдории худро аз арзишҳои асосии демократия ва ҳимояти ҳуқуқи инсон, озодӣ, шаъну шарафи тамоми одамон баён медорад. ИМА аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки талаботи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро риоя кунанду онро барои ҳама якхел иҷро намоянд.

"Агар ҳамаи инсон ҳуқуқи баробар дошта бошанд ва ҳамаи кишварҳо аз зулму истибдод холӣ бошанд, ҷаҳон амнтар хоҳад буд", - омадааст дар изҳороти департамент.

Видеоҳои охирин

"Барқи Тоҷик" болоравии нархи нерӯи барқро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:27 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG