Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари Истамбул ва ҳамсараш дар додгоҳ ҳозир мешаванд


Рӯзи 11 декабр дар зиндони низомаш сангини “Силиврӣ”-и шаҳри Истамбул додгоҳи Абдулқодир Машарипов, як шаҳванди Узбакистон шурӯъ мешавад, ки дар ҳамла ба як клуби шабона дар шаби таҷлили Соли нав дар таърихи 1 январи соли ҷорӣ муттаҳам мешавад. Машарипов дар паи ин ҳамла эътироф кардааст, ки 39 нафарро куштааст. Худи ҳамлаи мусаллаҳонаро баъди ин ҳодиса гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Ба Машарипов 40 ҳукми зиндони абад таҳдид мекунад. Дар миёни иттиҳомоте, ки ӯ дар рӯбарӯи он қарор дорад, “талоши сарнагун кардани низоми конститутсионӣ”, “узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ” ва “куштори беш аз як нафар” мебошад.

Ӯ яке аз 57 гумонбарест, ки қарор аст рӯзи 11 декабр дар нахустин рӯзи мурофиа ҳозир шаванд. Ӯро дар куштори ҷамъӣ ва узвият дар гурӯҳи террористӣ ҳам айбдор мекунанд.

Дар миёни гумонбарон инчунин ҳамсари Машарипов – Заррина Нуруллоева ҳам мебошад, ки бо иттиҳоми монанд ба ҳамсараш дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд.

Машарипов баъди ҷустуҷӯҳои бисёр сахти 17-рӯза боздошт шуд. Дар ҷустуҷӯи ӯ 2000 афсари полис иштирок карданд. Баъдан мутахассисон гуфтанд, ки дар паи боздошти ӯ, як шабакаи бисёр густардаи ифротгаро дар ҳудуди Истамбул ошкор ва боздошт шуд.

Машарипов шаби таҷлили соли нав ба як клуби бисёр маъруфи шабонаи Истамбул бо автомати AK-47 ворид шуда, норинҷакҳои худро тарконд ва ба сӯи мардум оташ кушод. Додситонҳо гуфтанд, ки Машарипов дар Афғонистон омӯзиш гирифта эътироф кардааст, ки амру фармоиши анҷоми ин ҳамларо аз гурӯҳи ба истилоҳ “Давлати исломӣ” дар Раққаи Сурия дарёфт мекард. Яке аз гумонбароне, ки ба Машарипов амр медод, Ислам Атабиев, маъруф бо лақаби “Абу Ҷиҳод” будааст, ки рустабори сокини Сурия мебошад.

Гурӯҳи “Давлати Исломӣ”, ки масъули чандин ҳамлаи террористӣ дар саросари ҷаҳон мебошад, аз Раққа ва аксар манотиқи Сурия ва Ироқ, ки қаблан зери назорат дошт, ронда шудааст.

XS
SM
MD
LG