Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарон хостанд, Саакашвилӣ озод шавад. ВИДЕО


Тазоҳурот ба нишони ҳимоят аз Саакашвилӣ дар Киев
Тазоҳурот ба нишони ҳимоят аз Саакашвилӣ дар Киев

Рӯзи якшанбе ҳазорон нафар дар маркази шаҳри Киев пойтахти Украина бо раҳпаймоӣ хостори озодии Михаил Саакашвилӣ, пешвои мухолифони давлат шуданд.

Бештар аз 2 ҳазор нафар дар майдони Шевченко ҷамъ омаданд ва ба самти Майдони Истиқлол ҳаракат карданд. Ин майдон маҳалли тазоҳуроти якмоҳае буд, ки аз охири соли 2013 то соли 2014 идома кард ва бо суқути ҳукумати Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина анҷомид.

Дар байни тазоҳургарон Сандра, ҳамсари Михаил Саакашвилӣ ҳам ҳузур дошт. Раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистонро мақомоти Украина рӯзи 8-уми декабр бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо як “гурӯҳи ҷиноӣ” ба раҳбарии Виктор Янукович дастгир карданд. Виктор Янукович баъди барканор шудан аз қудрат дар соли 2014 ба Русия фирор кард.

Тазоҳургарон хостанд, Саакашвилӣ озод шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:29 0:00

XS
SM
MD
LG