Пайвандҳои дастрасӣ

Кашмакашу бархӯрд дар назди сафорати Амрико


Тазоҳурот дар назди сафорат

Рӯзи 10-уми феврал дар шаҳри Бейрут дар назди сафорати Амрико байни маъмурони амниятии Лубнон ва тазоҳургароне, ки дар назди сафорати Амрико эътироз доштанд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Дар инҷо садҳо нафар ба нишони эътироз аз қарори раисиҷумҳур Доналд Трамп, ки Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил ба расмият шинохт, эътироз карданд.

Онҳо ба самти қароргоҳи дипломатҳо ашёҳои гуногун партоб мекарданд ва оташ меафрӯхтанд. Маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон ази ашковар ва мошинҳои обпош ба кор бурданд. Дар Лубнон даҳҳо ҳазор паноҳандаи фаластинӣ зиндагӣ мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 6-уми декабр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида, расман Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил эътироф мекунад. Эълони ӯ хашми фаластиниёро барангехт, ки ин шаҳрро пойтахти ояндаи кишвари худ мешуморанд.

Видеоҳои охирин

Акнун кадуи рекордӣ 645 килограмм вазн дорад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG