Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, иддаоҳои Амрико беасосанд


Cергей Рябков
Cергей Рябков

Русия иддаоҳои Амрико дар бораи нақзи муқаррароти як аҳдномаи солҳои Ҷанги Сардро рад кард. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи 9-уми декабр бо нашри як баёния гуфт, “Иттиҳомот комилан беасосанд.”

Як рӯз пештар аз ин Амрико гуфт, ки қасд дорад, ба зидди он ширкатҳои русӣ, ки барои сохти мушакҳои болдори мамнӯъ бар асоси аҳднома мусоидат кардаанд, таҳрим эъмол кунад.

Ба гуфтаи мақомоти Амрико, зоҳиран Русия бо идомаи сохти як мушаки болдор Аҳдномаи маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз”-ро нақз кардааст.

Аҳдномаро Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ 30 сол пеш имзо карданд ва бар асоси он бояд дар қаламрави Аврупо ягон мушаки болдори миёнаву кӯтоҳпарвоз вуҷуд надошта бошад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин бор Русияро соли 2014 ба нақзи муқаррароти аҳднома муттаҳам карда гуфт, ки кишвар бар хилофи ин аҳднома як мушаке сохтааст, аммо хадамоти иттилоотӣ гуфтанд, ки ин системаи мушакӣ қабл аз имзои аҳднома сохта мешуд.

XS
SM
MD
LG