Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ боздошт шуд. Эътирози садҳо нафар дар Украина


Садҳо нафар дар эътироз ба боздошти Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури пешини Гурҷистон ва волии собиқи Одесса, ба кӯчаҳои шаҳри Киев баромаданд. Саакашвилӣ шаби 8-уми декабр аз тарафи нирӯҳои Украина дастгир шуд.

Тайи як ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки ин сиёсатмадор боздошт мешавад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ Михаил Саакашвилиро тарафдоронаш аз дохили мошини нирӯҳои амниятии Украина берун оварда буданд.

Ҳоло тарафдорони Михаил Саакашвилӣ дар беруни яке аз идораҳои пулис гирдиҳам омада, шиори “шарм бод” ва “Киев бархез”-ро сар медиҳанд.

Саакашвилӣ чанд соат пеш аз боздошташ аз украиниҳо хоста буд, ки рӯзи якшанбе дар Киев, пойтахти ин кишвар тазоҳурот кунанд.

Мақомоти Украина Михаил Саакашвилиро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор карда, мегӯянд, ӯ барои тазоҳурот дар Украина аз олигарх Сергей Курченко, як фарди наздик ба президенти пешин Виктор Янукович, ним миллион доллар гирифтааст. Худи Саакашвилӣ дар гузашта ин иттиҳомотро ба шиддат рад карда, бофта донистааст.

XS
SM
MD
LG