Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон муқаррароти арзи нақдро барои мусофирон осон кард


Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев муқаррароти гардиши арзи хориҷиро барои берун бурдан аз кишварро осонтар кард.

Сар аз 1 январи соли 2018, барои аз Узбакистон берун бурдани арзи хориҷӣ ба маблағи 5 ҳазор доллар, иҷозаи мақомот даркор нест. Мирзиёев ин фармонро рӯзи 7 декабр эълон кард.

Ҳоло мусофирони Узбакистон барои берун бурдани арзи хориҷӣ аз кишвар бояд аз мақомот иҷозат бигиранд.

Дар фармони Мирзиёев ҳамчунин гуфта мешавад, ки сар аз 1 январи соли 2018, барои дохил шудан ба Узбакистон ва берун шудан аз он, декларатсия пули хориҷӣ -то 2 ҳазор доллар, зарур нест. Қонуни феълӣ дар вақти дохил ё хориҷ шудан ҳатто барои маблағҳои хурд ҳам декларатсия талаб мекунад.

Амри ахири президент Мирзиёев намунаи ибтикорҳои ахири уст, ки мехоҳад ин кишвари дар инзиво будаи Осиё Марказиро ба ҷаҳони берун боз кунад.

XS
SM
MD
LG