Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатор Франкен дар заминаи ҷанҷоли марбут ба занҳо истеъфо медиҳад


Сенатор Эл Франкен
Сенатор Эл Франкен

Сенатори демократ аз аёлати Миннесота Эл Франкен, ки ба рафтори номуносиб бо занҳо муттаҳам шудааст, рӯзи 7 декабр эълон кард, ки баъди чанд рӯз истеъфо медиҳад. Франкен дуюмин қонунгузори Амрико аст, ки ахиран салоҳияташро пеш аз муҳлат қатъ мекунад. Нафари аввал узви палатаи намояндагон аз ҳизби Демократ Ҷон Конерс буд.

Рӯзи чоршанбе боз як зани дигар аз рӯи дастдарозии шаҳвонии Франкен шикоят кард ва бо ин теъдоди шокиҳоро ба ҳафт нафар расонд. Ин мавридҳо то интихоби Франкен ба Сенат иттифоқ афтодаанд. Чунин ҳолат ҷиноҳи демократҳо дар порлумонро ба пахши изҳороте маҷбур кард, ки ба ҷойи таҳаммули вазъияти ҷанҷолӣ ва баррасӣ дар Комиссияи ахлоқ, Франкен бояд оҷилан истеъфо диҳад.

Франкен ҳангоми суханронӣ дар Сенат худро гунаҳкор эътироф накард, аммо гуфт, ки дар ин шароит наметавонад ба андозаи кофӣ аз манофеи сокинони Миннесота намояндагӣ кунад. "Баъзе иттиҳоме, ки алайҳи ман пеш гузоштаанд, комилан дуруғанд",- гуфт ӯ ва афзӯд, "Дар мавридҳои дигар дидгоҳи ман дар бораи ин ҳодисаҳо аз дидгоҳи айбдоркунандаҳо бисёр фарқ мекунад".

Ӯ дар ин суханронӣ аз президент Трамп ва сенатори Алабама Рой Мор интиқод кард, ки сарфи назар аз иттиҳомоти ҳамсанги дастдарозии шаҳвонӣ, дар сиёсат боқӣ мондаанд ва аз тарафи ҳамҳизбҳояшон пуштибонӣ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG