Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, фурудгоҳи "Манас"-ро фурӯхтанӣ нест


Ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки фурудгоҳи байналмилалии "Манас"-ро фурӯхтанӣ нест. Дар ин бора рӯзи 5 декабр раиси Бунёди идораи амволи давлатии Қирғизистон Дуйшенбек Зилолиев дар ҷаласаи яке аз кумитаҳои порлумони он кишвар иттилоъ дод.

Пештар Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҳукумати ин кишвар мехоҳад, ба фурудгоҳҳои "Манас" ва "Ӯш" сармояи хориҷиро ҷалб кунад. Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов бо мудири ширкати туркии TAV Airports Holding дидору гуфтугӯ намуд.

Раиси ҳукумати Қирғизистон 29 ноябр дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, ки кишвараш бо нирӯи худӣ наметавонад фурудгоҳҳои худро рушд диҳад.

"Бояд воқеъбин бошем. Фурудгоҳ барномаҳои чорсолаи худро дорад. Пулҳое, ки дар доираи барномаҳо дастрас мешаванд, ба рушди фурудгоҳ равона хоҳанд шуд. Бале, дуруст аст, ки онҳо бахши зерсохториро беҳтар мекунанд ва эскалаторҳоро таъмир карда, таваққуфгоҳ месозанд. Гузаргоҳҳои марзиро афзоиш медиҳанд, то мусофирон роҳату осон гузаранд. Вале ин ислоҳот нест. Ислоҳоти асосӣ дар он аст, ки пушти ширкатҳои бузург ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ меистанд. То ширкатҳои бузург ба Қирғизистон наоянд, ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ нахоҳанд омад", - афзуд вай.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG