Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш: Русҳо ба Лукашенко ва Назарбоев эътимоди зиёд доштаанд


Як пурсиши ВЦИОМ – Маркази омӯзиши афкори умуми Русия – мизони эътимод ё бовари сокинони ин кишварро ба раҳбарони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ муайян кардааст.

Аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки дар миёни президентони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз ҳама ба раҳбарони Беларус ва Қазоқистон - Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев эътимод доранд.

Лукашенко аз тарафдории 62% ва Назарбоев аз ҷонибдории 56%-и пурсидашудаҳо бархӯрдоранд. Ин давлатҳоро сокинони Русия “босубот ва пешрафта” номидаанд.

Дар ин рейтинг кишварҳои дигари собиқи Шӯравиро ҳам баҳогузорӣ карданд: Арманистон (16%), Озарбойҷон (14%), Гурҷистон (10%), Узбакистон (7%), Туркманистон (7%), Қирғизистон (5%), Молдова (4%), Тоҷикистон (3%) ва Украина (1%).

Пурсиши телефонӣ рӯзҳои 17-18-уми ноябр дар миёни 1200 сокини Русия анҷом шуда, рӯзи 5-уми декабр дар Маскав муаррифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG