Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як шаҳрванди Эрон дар Тоҷикистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон кард, ки як шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эронро бо иттиҳоми пинҳон кардани силоҳ дар Душанбе боздошт намудааст.

Шоми 5-уми декабр телевизиони Тоҷикистон гузориши видеоии Кумитаи давлатии амнияти миллиро нашр кард. Дар ин гузориш Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ, шаҳрванди Эрон ба он муттаҳам мешавад, ки гуё бо Миршакар Зоҳидов, сокини шаҳри Душанбе, соли 2013 дар манзили зисти Баҳрулло Неъматови 40-сола як автомати Калашников бо ду тирдону 57 дона тир ва як таппончаи тамғаи “Макаров” бо се тирдону 13 тирро пинҳон кардааст.

Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ ва Баҳрулло Неъматов дар боздошт қарор дошта, Миршакар Зоҳидов таҳти ҷустуҷӯст. Дар шарҳи боздошти шаҳрванди Эрон гуфта мешавад, “гурӯҳҳои манфиатдор аз ҷониби хоҷагони хориҷӣ дастгирии молиявӣ ёфта, мақсадҳои ҷиноятии худро амалӣ мекунанд”.

Муҳаммад Абдӣ дар ин гузориши видеоӣ иқрор мешавад, ки силоҳҳоро аз Миршакар гирифтааст, вале шарҳ намедиҳад, ки бо кадом мақсад. Баҳрулло Неъматов низ дар як сӯҳбати кутоҳ мегӯяд, ки “солҳои 1995 муҳофизи Мулло Қосим гуфтанӣ шахс аз шаҳри Ваҳдат буда, узви ҲНИТ аст”.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “ғайриқонунӣ пинҳон кардани силоҳ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ҳоле ки бисёр ҷузъиёти дигари ин қазия норӯшан аст ва санҷидани дурустии ин иттиҳом имкон надорад, дар гузашта мақомоти тоҷик Эронро дар сармоягузори кушторҳои пурсарусадои солҳои 1990 ва оғозҳи солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон номида буд. Ҷумҳурии Эрон ин иттиҳомотро беасос номидааст.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG