Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев муҳлати будубоши хориҷиҳоро тамдид кард


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев фармони раводиди навро имзо кард, ки будубоши якмоҳаи шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвари Осиёи Марказиро таъмин мекунад.

Бино ба фармони президент, ки онро Кумитаи рушди сайёҳӣ рӯзи 4-уми декабр пахш кард, нархи раводид барои шахсони алоҳида аз 60 то 40 доллар поён оварда шуд.

Пеш аз раводиди ахир сайёҳон ҳақ доштанд, танҳо барои як ҳафта ё15 рӯз дар Узбакистон бимонанд.

Фармони Мирзиёев ҳамчунин теъдоди одамонро дар гурӯҳҳои сайёҳӣ аз 10 то 5 нафар коҳиш дод ва қимати визаро барои онҳо 15 доллар барои 15 рӯз ва 25 доллар барои як моҳ муайян кард.

Фармони ахир, ки будубоши хориҷиҳоро дар Узбакистон тамдид мекунад, аз ибтикорҳои дигари Мирзиёев аст, ки мехоҳад ин кишвари шадидан таҳти назоратро ба ҷаҳони берунӣ боз кунад.

Мирзиёев баъд аз марги раҳбари худкомаи Узбакистон Ислом Каримов, ки моҳи сентябри соли гузашта эълон шуд, ба сари қудрат омад.

XS
SM
MD
LG