Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз шикоят алайҳи Қазоқистон даст мекашад


Ноиби нахуствазири Қирғизистон Толқунбек Абдигулов
Ноиби нахуствазири Қирғизистон Толқунбек Абдигулов

Муовини сарвазири Қирғизистон Толкунбек Абдигулов рӯзи 4 ноябргуфт, кишвараш эҳтимол аз шикоят алайҳи Қазоқистон, ки дар пайи баҳсҳои марзӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ворид карда буд, даст мекашад.

Ба гуфтаи ӯ, зеро ҷонибҳо дар робита ба ҳалли тамоми мушкилиҳои марзӣ харитаи роҳ таҳия карданд ва барои татбиқи он ба созиш расидаанд.

Қазоқистон аз 10 октябр санҷишро дар марз бо Қирғизистон сахттар кард ва дар натиҷа сафи навбатпоён дар гузаргоҳҳо ба садҳо метр расид. Санҷиш дар ҳоле шадид шуд, ки президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбов мақомоти Қазоқистонро дар дахолат ба умури дохилии кишвараш айбдор кард.

Дар ибтидо Остона мегуфт, пурзӯршавии назорати марзӣ ба интихоботи президентӣ рабт дорад. Аммо баъдтар мақомоти Қазоқистон гуфтанд, оморе, ки ҷониби Қирғизистон дар робита ба доду гирифташ бо Чин пешниҳод мекунад, бо омори пешниҳодии Чин фарқ дорад. Ҳукумати Қирғизистон ин иддаоро рад мекард.

Ҳукумати Қирғизистон тақвияти назорати марзро муҳосираи иқтисодӣ номид в аз рӯи Қазоқистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Комисияи иқтисодии Авруосиё шикоят бурд.

Президентҳои Қирғизистону Қазоқистон 30 ноябр баъди мулоқот дар шаҳри Минск хабар доданд, ки ҷонибҳо роҷеъ ба қабули харитаи роҳ барои ҳалли мушкили марзӣ ба созиш расиданд. Ҳукуматҳои ду кишвар низ ин санадро 2 декабр имзо карданд ва ҷониби Қазоқистон аз 3 декабр низоми санҷиши марзиро сабуктар кард.

XS
SM
MD
LG