Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳи пешини Руминия Михай дар Шветсария вафот кард


Шоҳи Руминия Михай
Шоҳи Руминия Михай

Шоҳи пешини Руминия Михай I рӯзи 5 декабр дар синни 96-солагӣ дар Шветсария даргузашт. Шоҳ якуним сол боз аз бемории саратони пуст ва хун азият мекашид.

Шоҳ Михай I -охирин шоҳи зинда аз кишварҳои Аврпуои Шарқӣ, сар аз моҳи марти соли 2016, баъди ин ки хонаводаи салтанатӣ ташхиси маризии ӯро эълон кард, дигар дар мазҳари ом зоҳир нашуд. Бо вуҷуди амалиёти ҷарроҳӣ дар бемористони Лозанна, вазъи шоҳи собиқ 6 ноябр шадидан бад шуд.

Шоҳи собиқ - бародарзодаи маликаи Британия Елизавета- соли 1947, баъди ба дасти коммунистҳо гузаштани Руминия, иҷборан аз тахт даст кашид ва даҳсолаҳо боз дар Ғарб, дар ғурбат ба сар мебурд.

XS
SM
MD
LG