Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Радио Свобода" ва "Садои Амрико" дар Русия "агенти хориҷӣ" эълон шуданд


Вазорати адлияи Русия рӯзи 5 декабр рӯйхати матбуотеро нашр кард, ки Русия онҳоро "агенти хориҷӣ" эътироф кард. Ба ин рӯйхат "Садои Амрико", "Радио Свобода", тарҳи бахши русии "Радиои Свобода" - "Фактограф" ва "Сибир.Реалии", шабакаи телевизионии "Настояoщее Время", бахши Тотору Бошқир, тарҳи матбуотии "Idel.Реалии", "Кавказ.Реалии", ва "Крим.Реалии" шомил шудаанд.

Охири моҳи ноябр Русия бо қабули як қонун матбуотеро, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешавад "агенти хориҷӣ" эътироф кард. Ингуна матбуот бояд ба Вазорати адлия гузориш диҳанд ва маҳсулоти худро аломатгузорӣ кунанд. Ҳарчанд таҷрибаи диқиқӣ иҷрои он шарҳ дода нашудааст.

Қарори ворид кардани дигаргунии маҳдудкунадаи фаъолияти матбуоти хориҷӣ дар Русия дар ҳоле қабул шуд, ки шабакаи телевизионии РТ-и Русия гуфт, ки бахши дар Амрико будаааш бо талаби мақомоти ИМА ҳамчун "агенти хориҷӣ" сабти ном шуд.

Намояндагони ИМА борҳо гуфтанд, ки қонуни "агенти хориҷӣ" дар Амрико аз ончӣ Русия қабул кардааст, ба андозаи чашмгир фарқ дорад. Президенти Радиои Аврпуои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кент гуфт, ки "шабакаи телевизионии РТ барномаҳои худро тавассути телевизиони кабелӣ дар ИМА пахш мекунад, дар ҳоле, ки "Радио Свобода" дар Русия аз чунин имконот бархурдор нест. Ӯ гуфт, "хабарнигорони "Радио Свобода"-ро таъқиб мекунанд, мезананд, эътиборномаҳои онҳоро бекор мекунанд, дар ҳоле, ки ба хабарнигорони шабакаи русӣ дар Амрико чунин муносибат нашудааст".

XS
SM
MD
LG