Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурод Ҷураев баъди ҳабси 21-сола дар озодӣ даргузашт


Мурод Ҷураев ва Васила Иноятова
Мурод Ҷураев ва Васила Иноятова

Мурод Ҷураев, як чеҳраи мухолифи ҳукумати Ислом Каримов, ки 21 сол дар зиндон сипарӣ кард ва соли 2015 ба озодӣ баромад, рӯзи 4 декабр аз ҷаҳон даргузашт.

Дар бораи марги ӯ хабарнигори мустақили Тошканд Алишер Ташанов маълумот дод. Ташанов гуфт, ки Ҷураев рӯзи душанбе баъди бемории тӯлонӣ даргузашт. Ба гуфтаи хабарнигор, қарор буд Ҷуравев барои табобат ба Олмон сафар кунад.

Мурод Ҷураев аз туркаманҳои қавмии Узбакистон аст, ки солҳои 1990-ум қонунгузори мухолифин дар порлумон буд.

Ӯ соли 1994 бо иттиҳоми "барномаи сарнагун кардани ҳукумат бо истифодаи зӯр" боздошт шуд. Ҷонибдори Муродов мегуфтанд, ки қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Соли 1995 додгоҳ Ҷӯраевро ба муддати 12 сол зиндонӣ кард.

Аммо мақомоти Узбакистон муҳлати ҷазои ӯро бо иттиҳоми "баҳамзадани тартиботи дохилии зиндон" дастикам чаҳор дафъа тамдид карданд.

Озодии ӯ дар соли 2015 аз зиндони Чирчиқи наздикиҳои Тошанд, аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар истиқбол шуд.

XS
SM
MD
LG