Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбдоркунанда барои Улукаев даҳ соли зиндонро талаб кард


Вазири пешини иқтисоди Русия Алексей Улукаев
Вазири пешини иқтисоди Русия Алексей Улукаев

Айбдоркунандаи давлатӣ барои вазири пешини иқтисоди Русия Алексей Улукаев 10 соли зиндони низомаш шадидро талаб кард. Айбдоркунанда мегӯянд, ки гуноҳи Улукаев, дар заминаи иттиҳоми талаби 2 миллион доллар ришва аз раҳбари "Роснефт" Игор Сечин, пурра исбот шуд.

Додситон Непорожний шаҳодати раҳбари хадамоти амнияти "Роснефт"- корманди пешини хадамоти амнияти Русия, генерал Олег Фектистовро ҳамчун исботи гуноҳи Улукаев истифода кард. Айбдоркунанда ҳамчунин таъкид кард, ки ҷурми Улукаевро нишондодҳои ронандааш низ исбот мекунад.

Алексей Улукаев моҳи ноябри соли гузашта дар дафтари "Роснефт" боздошт шуд. Ӯ ба пулситонӣ муттаҳам мешавад. Худи вазири собиқ айбномаро рад карда, боздошт ва таъқиби додгоҳияшро тавтеаи Сечин ва Хадамоти амнияти Русия номид. Ӯ генерал Феоктистовро яке аз ташкилкунандаҳои парванда медонад. Улукаев ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG