Пайвандҳои дастрасӣ

"Роҳпаймоии нобоварӣ" ба президент Порошенко дар Киев


Президенти пешини Гурҷистон ва собиқ раҳбари вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ бори дигар ҷонибдоронашро дар Украина ба хиёбонҳо баровард. Ҷонибдорони Саакашвилӣ рӯзи 3 декабр бо шиори "Нобоварии мардумӣ" дар маркази шаҳри Киев, пойтахти Украина роҳпаймоӣ карданд.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар ин тазоҳурот аз 3 то 5 ҳазор одам иштирок доштанд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ мегӯянд, барои он дар тазоҳурот иштирок карданд, ки бо гузашти ҳудуди 4 сол аз инқилоб дар Украина чизе тағйир наёфтааст.

Ба талаби эътирозгароне, ки ду моҳ мешавад, дар назди бинои порлумони Украина хайма задаанд, қабули қонун "Дар бораи изҳори нобоварӣ ба президенти Украина Петр Порошенко" низ зам шуд. Фаъолон пештар талаб доштанд, ки дахлнопазирии вакилони порлумон бекор, додгоҳи зиддикоррупсионӣ таъсис ва низоми интихоботӣ ислоҳ шавад.

Саакашвилӣ гуфт, Порошенко ба додситонии кул ва хадамоти амнияти Украина дастур додааст, ки ӯро боздошт кунанд. Хадамоти муҳоҷирати Украина 30 ноябр муҳлати будубоши Саакашвилиро, ки шаҳрвандияш дар ин кишвар бекор шудааст, то 1 марти соли 2018 дароз кард. Аммо ба гуфтаи Саакашвилӣ, эҳтимоли ихроҷи ӯ ба Гурҷистон ё Лаҳистон ҳар лаҳза вуҷуд дорад.

Видеоҳои охирин

Бонки аврупоӣ мухолифи баста шудани "Агроинвестбонк" будааст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:47 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG