Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поп гуфт, ба ҳоли мусалмонҳои фирории Мянмар оби дида рехт


Поп Франсис ҳангоми сафараш ба Мянмар
Поп Франсис ҳангоми сафараш ба Мянмар

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, гуфт, ба хотири вазъияти мусалмонҳои фирории Роҳинҷа дар Бангладеш ашк рехтааст. Поп ба ин мавқеъ таъкид кардааст, ки нирӯҳои Мянмар бояд ба ҳаққи мусалмонони Роҳинҷа эҳтиром гузоранд.

Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи 2-юми декабр, баъди боздид аз Мянмар ва Бангладеш, дар роҳ ба сӯи Рум гуфт, барои мусалмонҳои Роҳинҷа гирист, аммо талош кард, ашкҳояшро касе набинад.

Поп Франсис – раҳбари католикҳои ҷаҳон – баъди сафараш ба Мянмар ё Бирма рӯзи 1-уми декбар аз Бангладеш ҳам дидан кард. Вай дар онҷо бо теъдоде аз паноҳҷӯёни қавми Роҳинҷа мулоқот намуд ва ба дарди дили онҳо гӯш дод. Тайи тақрибан чаҳор моҳи ахир беш аз 600 ҳазор мусалмони Роҳинҷа дар пайи зӯроварии низомиёни Мянмар ба кишвари ҳамсояи Бангладеш фирор кардаанд. Созмони Милали Муттаҳид ва Амрико иқдоми низомиёни Мянмарро “поккории қавмӣ” номиданд.

Аммо ҳукумати Мянмар ҳамеша иттиҳоми ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонҳоро рад карда, гуфтааст, ки фақат шӯришгаронро саркӯб карда буд.

XS
SM
MD
LG