Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома аз Амрико ба Эрон. Ҳушдори раиси CIA ба генерал Сулаймонӣ


Майк Пампео

Раиси CIA ё Идораи марказии истихбороти Амрико гуфт, ки дар номае ба генерали аршади эронӣ ҳушдор додааст.

Майк Пампео рӯзи 2-юми декабр дар Калифорния гуфт, дар ин нома навиштааст, масъулияти ҳамагуна ҳамла бар манофеи Амрико тавассути нирӯҳои ироқӣ, ки таҳти ҳимояти Эрон ҳастанд, бар дӯши Теҳрон хоҳад буд.

Пампео мегӯяд, ин номаро ба хотире фиристод, ки генерал Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ ёдоварӣ кардааст, нирӯҳои вафодор ба ӯ шояд ба манфиатҳои Амрико дар ин кишвар таҳдид кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Сулаймонӣ то ҳанӯз номаашро шояд нахонда бошад.

Қосим Сулаймонӣ яке аз фармондеҳони аршади қудс дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст.

Хабаргузории "Форс" ба нақл аз як мақоми низомии он кишвар гуфт, генерал Сулаймонӣ то ҳанӯз номаи раиси Идораи марказии истихбороти Амрикоро ба хотире нахондааст, ки бо Амрико ваҷҳи муштарак надорад, то рӯи он сухан гӯяд.

Ин мақоми эронӣ ҳамчунон нагуфтааст, ки нома чӣ замоне барояшон расидааст.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG