Пайвандҳои дастрасӣ

FT: Бритониё аз истифодаи барномаи "Касперский" даст кашид


Ба кормандони ниҳодҳои давлатии Бритониё истифода аз барномаи зидди вируси "Касперский" манъ шудааст.

Нашрияи Financial Times рӯзи 1-уми декабр навишт, ки ин дастурро раҳбари Маркази миллии зидди ҷиноятҳои сайберӣ ё кибернетикии Бритониё Киаран Мартин содир намуд. Ба навиштаи нашрия, Киаран Мартин дар ин бора ба раҳбарони идораҳои давлатӣ нома фиристода, гуфтааст, ки истифода аз ин барнома бо хатар ҳамроҳ аст.

Моҳи ноябр хадамоти махсуси Бритониё аз он нигаронӣ кард, ки хадамоти махсуси Русия ба ин барнома датсрасӣ дорад. Аммо кормандони ин ширкати русӣ гуфта буданд, ки хадамоти махсус ба онҳо иртибот надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG