Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Императори Ҷопон аз тахти подшоҳӣ даст мекашад


Император Акиҳито
Император Акиҳито

Имератори Ҷопон Акиҳито рӯзи 30 апрели соли 2019 аз тахт даст мекашад. Ин хабарро нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи 1 декабр эълон кард.

Дар 200 соли ахир бори аввал аст, ки императори Ҷопон худро аз тоҷу тахт канор мекашад. 1 майи соли 2019 унвони император ба писари бузурги Акиҳито, валиаҳди 57 -сола Наруҳито мегузарад.

Акиҳитои 83-сола аз соли 1983 боз императори Ҷопон аст.Тасмими ихтиёран даст кашидан аз имрепаториро Акиҳито тобистони соли 2016 гирифт ва онҳро ба солмандӣ ва вазъи сиҳатияш вобаста кард. Порлумони Ҷопон қарори махсусеро қабул кард, ки канор рафтани император бидуни халалдор шудани тартиби умумии ҷойнишинӣ ба тахту тоҷро таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG