Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон дар Пешавар чор нафарро маҷрӯҳ кард. ВИДЕО


Рӯзи 1 декабр мусаллаҳон ба як сохтмони ҳукуматӣ дар шаҳри покистонии Пешавар, воқеъ дар шимолуғарби ин кишвар ҳамла карданд. Полис гуфт, ки дар ин ҳодиса чор нафар маҷрӯҳ шудааст.

Сохтмоне, ки ба он ҳамла шуд, раёсати кишоварзӣ аст, ки дар муқобили донишгоҳи Пешавар ва чанд километр духтар аз ноҳияи қабиланишини Хайбар ҷойгир аст. Дар як паёме тавассути шабакаи Whatsapp, масъулияти ҳамларо “Таҳрики Толибони Покистон” ба ӯҳда гирифтааст.

Муҳаммад Анӣ, сухангӯи полиси маҳаллӣ гуфт, ки ҳамлаи мусаллаҳон хеле шабеҳ ба гаравгонгирӣ буд. Вай гуфт, ки роҳи ҳаракат ба минтақа баста шудааст. Дар миёни маҷрӯҳон як афсари полис ва як журналист ҳам мебошанд.

Матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ки полис ва артиш ба макони ҳодиса расида бо ҳамлагарон задухӯрде доштанд.

Гузориши Reuters мегӯяд, ки ҳамлагарон бурқа пӯшида ба ҳамла шурӯъ карданд.

Ҳамлаи силоҳбадастон ба бинои ҳукумат дар Пешавари Покистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:19 0:00

XS
SM
MD
LG