Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи маъмурӣ барои кӯшиши интиқоли 196 спиннер ба Тоҷикистон


Спиннер як бозии навест, ки дар як соли охир дар саросари ҷаҳон маъруфияти бесобиқа касб кардааст
Спиннер як бозии навест, ки дар як соли охир дар саросари ҷаҳон маъруфияти бесобиқа касб кардааст

Як марди тоҷик дар фурудгоҳи Краснодар-Душанбе барои кӯшиши интиқоли 12,5 кг спиннер – як бозии бачагона муҷозот шуд. Дар ин бора рӯзи 1 декабр нашрияи “Кубанские новости” хабар дод. Мақомоти гумруки Краснодар гуфтанд, ки ин мусофири ҳавопаймо 196 адад спинерро бидуни қайди гумрукӣ мехост ба Тоҷикистон бубарад, вале аз ин амали ӯ ҷилавгирӣ шуд.

Сухангӯи хадамоти гумруки Краснодар Татяна Бурмистрова ба нашрияи “Кубанские новости” гуфтааст, ки бағоҷи марди тоҷик ба таври тасодуфӣ санҷида шуд. Мусофир шарҳ додааст, ки ба миқдори 7 ҳазор рубл спиннер хариду талош кард дар Краснодар онро фурӯшад, вале муваффақ нашуд. Баъди ин хост ин борро ба Душанбе бурда ба хешовандонаш тақдим кунад. Тамоми спиннерҳо мусодира шуда, аз рӯи ин қзия парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG