Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содиқ Хон ба Трамп гуфт, ки сафарашро қатъ кунад


Доналд Трам
Доналд Трам

Мири шаҳри Лондон аз президенти Амрико Доналд Трамп даъват кард, ки сафари давлатии барномарезишудаашро қатъ кунад. Ин изҳорот дар пайи он садо дод, ки пахши навори як гурӯҳи миллатгарои бритониёӣ дар Твиттери президенти ИМА боис ба хашму маҳкумият дар Бритониё шуд.

Содиқ Хон, шаҳрдори Лондон, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, Трамп як “гурӯҳи расвои тундгаро”-ро таблиғ кардааст ва сафари расмии ӯ ба Бритониё “қобили истиқбол нест”. Рӯзи 29-уми ноябр Трамп видео-наворҳои шубҳабарангезеро дар саҳифаи Твиттери худ пахш кард, ки марбут ба як гурӯҳи ростгарову миллатчии бритониёӣ бо номи "Britain First” мебошад. Дар ин наворҳо гӯё хушунатҳои аз ҷониби мусалмонҳо анҷомшуда сабт шудааст.

Содиқ Хон Трампро дар он муттаҳам кард, ки бо пахши ин наворҳои видеоӣ ба “равобити хоси” миёни ИМА ва Бритониё “хиёнат кард”. Даъвати Содиқ Хон барои адами меҳмоннавозии Трамп дар Бритониё танҳо нест.

То имрӯз чандин сиёсатмадори бонуфузи Бритониё ҳам гуфтаанд, ки президенти ИМА набояд ба ин кишвар роҳ дода шавад. Раҳбари ҳизби либерал-демократ Винс Кейбл гуфт, аз як шикоят ё даъвати хаттие пуштибонӣ мекунад, ки дар он аз нахуствазири Бритониё Тереза Мей дархост мешавад, аз даъвати Трамп ба Бритониё худдорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, Трамп ҳам шоми 29-уми ноябр аз худ ҳимоят кард. Дар посух ба изҳороти сухангӯи Тереза Мей, ки гуфтааст, пахши видеоҳои гурӯҳи миллатгаро аз ҷониби президенти ИМА “як хато” аст, Трамп гуфт: “Тереза, на ба ман, балки ба масъалаи терроризми харобкори ифротгарои исломӣ тамаркуз кун, ки ҳоло дар Бритониёи Кабир вуҷуд дорад. Мо бошем, хуб ҳастем!”.

Шоми 29-уми ноябр сухангӯи Кохи Сафед Сара Ҳаккабӣ Сандерс дар сӯҳбат бо журналистон дар Вашингтон аз мавқеи Трамп ҳимоят кард ва гуфт: “Муҳим нест, ки ин видео ҳақиқӣ аст ё на, вале хатари воқеӣ вуҷуд дорад ва президент ҳам дар ҳамин бора суханронӣ кард. Президент сари ҳамин масъала тамаркуз кард, чунки худи ӯ ҳам бо ҳамин мушкилот даргир аст. Ин ҳама воқеият аст ва муҳим нест, ки шумо ба он чӣ гуна нигоҳ мекунед”.

XS
SM
MD
LG