Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ва Ҷеенбеков дар Минск мулоқот карданд


Назарбоев ва Ҷеенбеков
Назарбоев ва Ҷеенбеков

Дар пасманзари бӯҳрони маҳдудиятҳо дар марзи Қирғизистон ва Қазоқистон, раисони ҷумҳури ду кишвар -Нурсултон Назарбоев ва Соонронбой Ҷеенбеков дар Минск мулоқот анҷом доданд. Дар ин дидору гуфтугӯ, ки рӯзи 30 ноябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастҷамъи баргузор шуд, раисони ҷумҳур барои эътидоли авзо дар марз изҳори омодагӣ карданд.

"Сабабҳои вазъ дар марзи ду кишварро мо медонем. Барои ҳамин ба ин қарор расидем: харитаи роҳ, ки ҳукумати ду кишвар таҳия кард, вуҷуд дорад, мо онро баррасӣ кардем. Гурӯҳҳои кории ду тараф онро баррасӣ ва имзо мекунанд",- гуфт Назарбоев дар поёни мулоқот ба хабарнигорон.

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назорати марз бо Қирғизистонро таким дод ва ин тамбашавии бисёркилометрии мошинҳоро дар марз ба бор овард. Қазоқистон ин тасмимро мубориза бо қочоқ ва Қирғизистон монеъаҳои сунъии тиҷорат унвон кардаанд.

XS
SM
MD
LG