Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Хуҷанд намояндагии Россотрудничество ифтитоҳ шуд


27 феврали соли 2017, дар ҷараёни боздиди президент Путин аз Тоҷикистон қарор шуд, ки дафтари дуюми намояндагии Россотрудничество дар Хуҷанд таъсис шавад

Дафтари намоянадгии маркази илму фарҳанги Русия – Россотрудничество ҳамакнун дар маркази шимоли Тоҷикистон ҳам дарҳои худро боз кардааст.

Рӯзи 30 ноябр дар макази шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд дафтари намояндагии маркази илму фарҳанги Русия – Россотрудничество дарҳои худро боз кард. Алексей Фролов, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари ин марказ дар Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти ин муассиса ба рушди ҳамкориҳои башарии байни Тоҷикистону Русия мусоидат мекунад. Вай гуфт, ки тасмими ифтитоҳи дафтари намояндагии ин марказ дар Хуҷанд бахше аз ҳамкориҳои стратегии байни ду кишвар аст ва барои ҳамкориҳои ҷавонони ду кишвар, таҳкими мавқеи забони русӣ ва мубодилаҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Тасмими ифтитоҳи ин марказ дар Хуҷанд дар сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар феврали соли ҷорӣ гирифта шуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки дар маросими ифтитоҳи марказ иштирок кард, аз ин иқдом дар амри тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангиву маърифаии Тоҷикистону Русия ситоиш кард.

Дар барномаи кори ин марказ – таъсиси дарсҳои омӯзиши забони русӣ, студияи наққошӣ, ташкили маҳфилҳои эҷодӣ, намоишгоҳҳои ҳунар, конфронсу нишастҳо мебошад. Маркази аввалини илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон 2 сентябри соли 2011 дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG