Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Сурия: Русия бояд ба Асад фишор биёрад


Наср ал Ҳарирӣ - раҳбари ҳайъати Сурия дар музокироти Женева
Наср ал Ҳарирӣ - раҳбари ҳайъати Сурия дар музокироти Женева

Барои ҳалли сиёсии муноқишаи Сурия дар тӯли шаш моҳ, Русия бояд ба президент Башор Асад фишор биёрад. - дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 29 ноябр бо такя ба изҳороти Наср ал Ҳарирӣ- раҳбари ҳайъати мухолифини Сурия дар Женева хабар дод. Ба гуфти Ҳарирӣ, режими Асад танҳо дар ҳоле дар музокироти сулҳ иштитирок мекунад, ки агар Русия ва давлатҳои дигар онро таҳти фишор қарор диҳанд.

Даври нави гуфтушунидҳо таҳти сарпарстии Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 28 ноябр дар Женева оғоз шуд. Ҳайъати Димишқ рӯзи дуюми музокирот ба Женева омад. Як рӯз пеш аз ин маълум шуд, ки ҳайъати ҳукумати Сурия сафар ба Женеваро мутавақиф кардааст. Reuters мегӯяд, ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки намояндагони мухолифин истеъфои Асадрро то оғози даври гузариши Сурия талаб карданд.

Эътилофи байналмилалӣ бо сарварии ИМА сар аз соли 2014 бо тундравони мусаллаҳ дар Сурия мубориза пеш мебарад. Эътилоф аз мухолифини демократӣ пуштибонӣ мекунад. Маъракаи низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 оғоз шуд. Эътилоф борҳо Маскавро ба пуштибонӣ аз режими Асад муттаҳам кардааст, ки Ғарб онро дар нақзи ҳуқуқи инисон муқассир медонад.

XS
SM
MD
LG