Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон бо ширкати Боқиев дар бораи Қирғизистон филми ҳуҷҷатӣ таҳия карданд


Оҷонсии миллии телевизиони Қазоқистон "Хабар" дар бораи Қирғизистон филми ҳуҷҷатӣ таҳия кард. Қурмонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон, ки моҳи апрели соли 2010 ба Мински Белорус фирор кард, дар ин филм суҳбат мекунад.

Анонси филми мазкур 27 ноябр дар Интернет нашр шуд. Дар ин филм дар бораи ҳодисаҳои соли 2010 нақл мешавад. Президенти пешини Қирғизистон наворҳои тирпарронӣ дар назди Кохи сафеди кишварашро нишон медиҳад. Боқиев дар ин филм мегӯяд: "Ман фикр мекунам... Ман бовар дорам, бовар дорам, ки замоне мерасад ман ба кишвар бармегардам. Бармегардам".

Баъди ошӯбҳои 7 апрели соли 2010 Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо хонаводааш аз кишвар фирор кард. Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010 ӯро дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум карданд. Ҳоло вай дар Белорус зиндагӣ мекунад.

Давоми 1,5 моҳи охир муносибатҳои Қирғизистону Қазоқистон сард ва равуо дар марз душвор шуд.

XS
SM
MD
LG