Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори муттаҳам ба фасод дар Чин худкушӣ кард


Сарбозони артиши Чин
Сарбозони артиши Чин

Мақоми аршади низомии Чин Ҷан Ян, ки бо иттиҳоми фасоди молӣ таҳти бозҷӯӣ қарор дошт, худкушӣ кард. Хабаргузории Reuters рӯзи 27-уми ноябр навишт, ин намунаи дигари таҳаввулоти пурсарусадои муборизаи густарда бо фасодкорӣ дар артиши Чин аст. Хабаргузории расмии Чин “Синхуа” навишт, Ҷан Ян нимаи дувуми рӯзи 23-юми ноябр худро дар хонааш ба дор кашид.

“Синхуа” мегӯяд, Ян узви пурнуфузи Кумитаи марказии низомии Чин буд, ки дар заминаи робитааш бо генаралҳои бадномшуда - Го Бойонг ва Сйю Тсайхоу мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

“Бозҷӯӣ нишон дод, ки Ҷан Ян “интизомро ба таври ҷиддӣ нақз кард”, дар заминаи ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ мавриди шубҳа қарор гирифт ва манбаи дороиҳои назарраси ӯ номаълум боқӣ монд”, - навишт “Синхуа” бо такя ба комиссиюни тафтишотӣ.

Reuters мегӯяд, Ҷан Ян раҳбари бахш оид ба корҳои сиёсӣ буд ва дар ҳоле ки бо иттиҳоми фасодкорӣ таҳти бозҷӯӣ қарор дошт, ҳукумат дар ин бора маълумоте пахш накард.

Дар артиши Чин, бузургтарин артиши дунё, ҳоло маъракаи навсозӣ ҷараён дорад ва раҳбари Чин Си Ҷинпин решакан кардани фасодро аз авлавиятҳои кори худ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG