Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдумуъмин Шарифӣ - ҷоизадори ҷашнвораи "Саҳнаи бесарҳад"


Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидови Душанбе дар як ҷашнвораи театрҳои миллӣ дар Русия ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро ба даст овард. Абдумуъмин Шарифӣ, ҳунарманди тоҷик дар ҷашнвораи "Сцена без границ"- "Саҳнаи бесарҳад" бо намоишномаи "Шабе дур аз Ватан" ба гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” мушарраф гардид. Дар ин намоишнома як гуруҳ аз ҳунармандони ин театр ширкат карданд.

Тавре аз Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ин намоишнома мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор гирифт. Ин ҷашнвора рӯзи 21 ноябр дар шаҳри Владикавкази Русия шурӯъ шуд.

Намоишнома баёнгари дарди фироқ, дурӣ аз дӯстону наздикон ва ёдоварӣ аз рӯзҳои гузаштаи шахсест, ки дар муҳоҷират қарор дорад.

Зимнан, намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» соли 2011 рӯи саҳна омад ва ҳамон сол дар ҷашнвораи театрии «Парасту» сазовори ҷои дуюм шуд. Он замон ҳам ҳунарманд Абдумӯъмини Шарифӣ, бозигари нақши асосӣ дар ин намоишнома ба дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» мушарраф гардида буд.

Ин намоишнома қаблан дар ҷашнвораҳои байналмилалии «Наврӯз» дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қирғизистон, Молдова ва Русия намоиш дода шуда бо ҳафт диплому ҷоиза қадрдонӣ шудааст. Дар маҷмӯъ, тайи панҷ соли ахир Театри ҷавонон беш аз бист ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG