Пайвандҳои дастрасӣ

Маъвизаи бехатарии роҳҳо дар масҷидҳои Қирғизистон


Дар масҷидҳои Қирғизистон имомон ва роҳбарони динӣ дар бораи бехатарии роҳҳо мавъиза мехонанд. Тавре хадамоти матбуотии Идораи маънавии мусалмонҳои Қирғизистон хабар медиҳад, фармон дар бораи хондани чунин мавъизаҳоро муфтии Қирғизистон Максат ажи Токтомушев 23 ноябр содир кард.

Бар асоси ин фармон, фаъолони динӣ вазифадор мешаванд, ки дар мулоқотҳо бо намозгузорон ва ҳангоми адои намозҳои панҷвақта дар бораи риоя кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва дар бораи бебаҳо будани ҳаёти инсон мавъиза кунанд. Зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар Қирғизистон дар солҳои охир боиси нашри чунин фармон гаштааст.

Бино бар иттилои расмӣ, дар Қирғизистон шуруъ аз ибтидои сол бештар аз 5 ҳазор садама рух дода, ҷони бештар аз 700 одамро рабудааст. Шумори зарардидаҳои садамаҳои нақлиётӣ ба зиёда аз 7800 одам мерасад.

10 ноябр сарвазири ин кишвар Сафар Исҳоқов Раёсати асосии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро таъсис дод. Дар ҷаласаи 13 ноябри ҳукумати Қирғизистон вай гуфт, амалисозии ислоҳоти низоми таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ба кундӣ пеш меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG