Пайвандҳои дастрасӣ

Қуръон ва ҷойнамоз – дар меҳмонхонаҳои Узбакистон


Мақомоти Кумитаи рушди туризми Узбакистон гуфтанд, ки аз ин баъд дар ҳар як меҳмонхона китобҳои динӣ, аз ҷумла Қуръон, ҷойнамоз ва аломати махсус барои дақиқ кардани самти қибла гузошта хоҳад шуд. Як намояндаи ин кумита рӯзи 25-уми ноябр дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, тартиботи нав аз якуми январи соли 2018 мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.

“Ҳадаф дуруст кардани шароит барои меҳмононест, ки ба Узбакистон меоянд. Онҳо метавонанд, дар меҳмонхонаҳо маросими мазҳабии худро ба ҷой биоранд. Чунин тартибот дар аксари меҳмонхонаҳо дар хориҷа вуҷуд дорад. Дар бисёре аз аз меҳмонхонаҳои дунё метавонед Инҷилро бибинед”, - гуфт намояндаи Кумитаи рушди туризми Узбакистон.

Вай афзуд, ки дар оянда дар меҳмонхонаҳои Узбакистон китоби Инҷилу Таврот – китоби муқаддаси масеҳиёну яҳудиҳо – ҳам гузошта хоҳад шуд.

Дар миёнаҳои моҳи ноябри имсол дафтари матбуоти ширкати “Узбекистон ҳаво йулларӣ” эълон кард, ки дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов утоқе ибодат ё намозгузорӣ дуруст хоҳанд кард. Инчунин, ба гуфтаи онҳо, барои мусофирони мусалмон маҳалли хурде барои таҳорат сохта хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG