Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Зимбабве амалкарди низомиёнро дуруст шумурд


Эммерсон Мнанганва, раҳбари нави Зимбабве

Додгоҳи олии Зимбабве рӯзи 25-уми ноябр амалкарди низомиёни ин кишварро, ки боис ба истеъфои Роберт Мугабе, раҳбари инак собиқи ин кишвар шуд, қонунӣ донист.

Низомиёни Зимбабве баъди ба даст гирифтани идораи ҳукумат ва ҳабси хонагии Мугабеи 93-сола борҳо гуфтаанд, ки амалкардашон табаддулоти давлатӣ набуд.

Хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" навишт, додгоҳ, инчунин, барканории Эммерсон Мнангагва, муовини пешини раиси ҷумҳурро, ки ҳоло зимоми қудратро ба даст гирифтааст, ғайриқонунӣ донист. Маҳз баъд аз барканории Мнангагва аз тарафи Роберт Мугабе низомиён даст ба кор шуданд.

Роберт Мугабе, ки 37 соли ахир ҷилави қудрат дар Зимбабверо дар даст дошт, ҳафтаи гузашта истеъфо дод.

Рӯзи 24-уми ноябр Эммерсон Мнангагва ба ҳайси раҳбари нави Зимбабве ба кор сар кард.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG