Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти артиши Миср пас аз ҳамлаи маргбор дар масҷиди Сино


Баъд аз ҳамлаи маргбор ба як масҷид дар нимҷазираи Синои Миср артиши ин кишвар дар минтақа амалиёти зиддитеррористиро оғоз кардааст. Телевизиони Sky News Arabia рӯзи 25-уми ноябр бо такя ба қавли намояндаҳои артиш гуфт, дар натиҷаи ин амалиёт дар рустои Ар-Рисон тақрибан 30 ҷангҷӯ нобуд карда шуданд.

Қаблан мақомоти артиши Миср гуфта буданд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ чанд мошин ва ҷангҷӯёне, ки бо ҳамлаи рӯзи гузашта иртибот доштанд, кушта шуданд.

Дар пайи ҳамла ба як масҷид дар нимҷазираи Синои Миср 305 нафар, аз ҷумла 27 кӯдак кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ гардиданд. Ин ҳамла дар замони баргузории намози ҷумъа рух дод.

Аксари кушташудаҳо сокинони одӣ ва сарбозони артиши Миср буданд. Масъулияти ин ҳамларо то ба ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар уҳда нагирифтааст.

Бархе аз шоҳидони айнӣ гуфтанд, ҳамлаварон инчунин намозгузорону мошинҳои Ёрии таъҷилиро ҳадафи тир қарор дода, сипас савори мошин фирор кардаанд. Дар Миср се рӯзи мотам эълон шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG