Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди гумонбар дар терроризми Узбакистон дар боздошт мемонад. ВИДЕО


Додгоҳи Шветсия ҳабси то додгоҳии шаҳрванди Узбакистонро тамдид кард, ки дар ҳамла айбдор мешавад. Дар натиҷаи он ҳамла панҷ нафар кушта шуд. Додгоҳи Стокҳолми Шветсия 23 ноябр қарор кард, ки Раҳмат Оқилови 39-сола то 21 декабр дар боздошт боқӣ монад.

Муфаттишон бар ин назаранд, ки Оқилов 7 апрел як мошини борбарро рабуда, бо он дар маркази шаҳр одамонро пахш кардааст. Додгоҳ мегӯяд, Оқилов ба дархости муфаттишон дар бораи тамдиди муҳлати ҳабсаш эътироз накард. Ин шаҳрванди Узбакистон дар терроризм гумонбар дониста мешавад.

Стокҳолм - яке аз чанд шаҳри аврупоист, ки дар онҳо тавассути мошин ҳамла сурат гирифтааст. Сар аз соли 2016 дар Барселона, Лондон, Берлин ва Нитса ба инсонҳо бо мошин ҳамла карданд.

Вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов моҳи апрел гуфт, ки Оқилов баъди тарки Узбакистон карданаш дар соли 2014 аз сӯи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ҷалб шудааст.

Роҳат Оқилов масъулияти ҳамлаи Стокҳолмро бар дӯш гирифтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

XS
SM
MD
LG