Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон истихроҷи тилоро дар ду пиряхи кони "Қумтор" иҷозат доданд


Алмосбек Отамбоев як рӯз пеш аз хаатми мӯҳлати президентиаш 23 ноябр қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Кодекси об"-ро имзо кард. Ҳукумати он кишвар мегӯяд, "ҳадафи қонун танзими ҳуқуқии саноати куҳӣ дар пиряхҳо аст".

"Қонун барои таъмини истеҳсолоти бемамониа дар бузургтарин иншооти стратегӣ қабул шудааст ва ба ду пирях (Давидов ва Лисий) дахл дорад", - зикр мекунад дастгоҳи президенти Қирғизистон.

Дар дастгоҳи президенти Қирғизистон гуфтанд, ки пиряхи Давидов тайи солҳои охир ба самти қисми марказии кони Қумтор ҳаракат мекард, ки ин ба амнияти кормандони ширкат хатари ҷиддӣ дошт. "Идомаи ҳаракатҳои идоранашавандаи пирях метавонад боиси фурӯрезии канори шахтаҳо ва пури об шудани онҳо гардад. Дар натиҷаи истихроҷи ҳудуди 200 тонна тилое, ки дар ин кон мавҷуд аст, номумкин хоҳад шуд", - омадааст дар иттилоия.

Ба ҷуз ин, бар пояи хулосаи машваратчиёни ҳуқуқии байналмилалӣ ва коршиносони ватанӣ, қатъи корҳои истихроҷӣ дар кон оқибатҳои манфии геотехникӣ, зистмуҳитӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро дар пай хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

"Мардум аз ҳукмҳои вазнин шикоят доранд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG