Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гурӯҳи 5-нафарӣ бо гумони ғорати шаҳрвандони Чин дар Душанбе


Гурӯҳи панҷнафарие, ки дар шаҳри Душанбе ба ғорати манзили зисти шаҳрвандони Чин машғул будаанд, боздошт шуданд. Ин гурӯҳ, ки дар ду моҳ манзили зисти се шаҳрванди Чинро ғорат карда буданд, ҳафтаи гузашта дар доираи як амалиёти пулис дастгир шуданд. Онҳо дар ғорату дуздии 1 миллиону 233 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешаванд.

Тоҷикистон ба даҳҳо ширкати чинӣ иҷозаи кор додааст ва беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Чин тариқи квота барои кор ба кишвар меоянд. Ба ҷуз ин, садҳо шаҳрванди дигари Чин ба хотири тиҷорат дар Тоҷикистон қарор доранд.

Дар дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин гурӯҳро Ҳамид Давлатови 60-сола, сокини шаҳри Душанбе таъсис дода, нақшаи ғорати манзили зисти шаҳрвандони Чинро тарҳрезӣ мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, Азиз Бӯриеви 17-сола, Шараф Шамшоди 15-сола, Шукрулло Одилови 26-сола ва Абдусаттор Пирови 34-сола зери раҳбарӣ ва машварати Ҳамид Давлатов амал мекардаанд. Давлатов дар бозпурсии аввалия эътироф кардааст, ки рӯйхати манзили зисти хонаи шаҳрвандони Чинро ба дасти ин гурӯҳ дода, онҳоро барои амалӣ намудани нақша раҳнамоӣ мекардааст. Ӯ гуфтааст, барои машварат дар ин муддат ба ӯ танҳо 7 ҳазор сомонӣ “ҳақ” додаанд.

Изи ин гурӯҳ пас аз он ошкор шудааст, ки шаби 10-уми ноябр ҳангоми ғорати манзили иҷораи як гурӯҳ шаҳрвандони Чин дар кӯчаи ба номи Фучики Душанбе ба муқобилияти Раҳмоналӣ Саидови 47-сола, посбони ин манзил рӯ ба рӯ мешаванд. Дар пайи муқобилият посбон аз зарби корд захмӣ мешавад. Сейфи манзили зистро мешикананд, вале аз дохили он маблағ пайдо намекунанд.

Ба гуфтаи мақомот, ин ягона “амалиёт”-и бебарори гурӯҳ буд, ки баъдан боис ба боздошташон шуд. Баъдан дар пайи шаҳодати Раҳмоналӣ Саидов, посбони ин манзил шахсияти аъзои гурӯҳ шиносӣ шуда, боздошт гардидаанд.

Пас аз боздошт, онҳо ғорати манзили зисти шаҳрвандони Чин, Чан Тао ва Хео Чан Био, ки дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Душанбе зиндагӣ мекарданд, эътироф кардаанд. Шаби 4-уми ноябр аз ин ду манзил, дар ҷамъ 20 ҳазор доллар ва 450 ҳазор сомонӣ ғорат шуда буд. Ҳамчунин, онҳо иқрор мешаванд, ки шаби 15 октябр аз дохили вагони назди як бинои нимсохт, ки ба Сӯҳбатулло Нозимов тааллуқ дошт, 60 ҳазор долларро рабудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд моҳи ахир ин гурӯҳ дар маҷмӯъ даҳ ҷинояти ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва дуздӣ даст задаанд.

Феълан, нисбат ба ин гурӯҳи панҷнафарӣ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятӣ-моддаи 249, “Роҳзанӣ”, 237, “Авбошӣ” ва 244, “Дуздӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, ду мошине, ки онҳо бо маблағи дуздӣ харида буданд, мусодира шудааст.

Феълан, назари наздикони боздоштуда маълум нест, аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, далелҳои кофӣ рӯи даст доранд, ки ин гурӯҳ даст ба ғорати манзили зисти шаҳрвандони Чин мезаданд.

Тоҷикистон ба даҳҳо ширкати чинӣ иҷозаи кор додааст ва соле беш аз чаҳор ҳазор шаҳрванди Чин тариқи квота барои кор ба ин кишвар меоянд. Ба ҷуз ин, садҳо шаҳрванди дигари Чин ба хотири тиҷорат дар Тоҷикистон қарор доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG