Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев пеш аз рафтан ба Путину Мирзиёев орден дод


Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 22-юми ноябр президенти Русия Владимир Путинро бо ордени “Манас” дараҷаи I қадрдонӣ кард. Отамбоев ҳамчунин ба президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ордени “Данакер” дод.

Бино ба маълумоти дастгоҳи президенти Қирғизистон, нишони “Манас” дараҷаи I ба Путин барои “саҳми назарраси ӯ дар таҳкими шарикии стратегӣ ва рушди ҳампаймонӣ” миёни ду кишвар тақдим шуд.

Мирзиёв барои "саҳми бузурги шахсияш дар барқарории шарикии стратегӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоядории нек” бо нишони “Данакер” қадрдонӣ шуд.

Ҳамчунин ба раҳбари ансамбли мусиқии “Ялла” Фаррух Зокиров ва президенти дастаи КВН Александр Масляков ордени “Достук” ироа шуд.

XS
SM
MD
LG