Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти зиддитеррористӣ дар Гурҷистон ба поён расид


Амалиёти Тбилисӣ. 22 ноябри соли 2017
Амалиёти Тбилисӣ. 22 ноябри соли 2017

Хадамоти амнияти Гурҷистон аз анҷоми амалиёти боздошти гумонбарҳои терроризм дар Тбилисӣ хабар дод. Дар ин бора сомонаи "Кавказ.Реалии" рӯзи чоршанбе гузориш пахш кард. Нерӯҳои Гурҷистон дар ҷараёни амалиёти махсус се ҷинояткори эҳтимолиро аз байн бурданд ва як нафарро боздошт карданд. Дар ин амалиёт як корманди ҳифзи ҳуқуқ ҳалок ва ду нафар захмӣ шуд.

Амалиёти махсус шоми 21 ноябр оғоз шуд ва беш аз 20 соат идома кард. Бар пояи баъзе маълумот, афроди мусаллаҳ дар хонае камин гирифта буданд ва ба сӯи пулс оташ кушоданд. Ҳуввияти ҷинояткорон ва ангезаи ҷиноят то ҳол эълон нашудааст.

XS
SM
MD
LG