Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: Маскав таҳаввулоти Луҳанскро ҷиддӣ пайгирӣ мекунад


Луҳанск, Украина
Луҳанск, Украина

Ба дунболи пахши хабарҳо аз фирори Игор Плотнитский, раҳбари ҷудоиталабони Луҳанск ба Русия, сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Маскав авзои ин минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони тарафдори Русияро ҷиддан пайгирӣ мекунад.

Песков рӯзи 22-юми ноябр дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, Кремлин "дарк мекунад, ки ташаннуҷ дар "Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск"-ро кӣ метавонист эҷод кунад", аммо дар ин бора маълумоти бештар ироа накард.

Рӯзи 21-уми ноябр афроди мусаллаҳи ношинос маркази Луҳанскро, ки таҳти назорати гурӯҳҳои ҷудоиталаби тарафдори Русия қарор дорад, ишғол карда, роҳро ба самти идораҳои маъмурии ба истилоҳи ҷудоиталабон "Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск" (ҶМЛ) масдуд намуданд.

Раҳбари ҶМЛ Игор Плотнитский ба афроди ношинос амр кард, ки шаҳрро озод кунанд, оммо онҳо аз иҷрои фармон сарпечӣ карданд. Аз ин таҳаввулот ҷанги қудрат дар байни ҷудоиталабон ба назар мерасад.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса эҳтимол ба муборизаи қудратхоҳӣ дар байни Плотнитский ва вазири умури дохилии ҶМЛ - Игор Корнет рабт дорад. Рӯзи 20 ноябр Плотнитский ӯро, бинобар таҳти тафтиши додгоҳӣ қарор гирифтанаш, аз мақом сабукдӯш кард. Ба гуфти матбуот вазири дохилӣ аз иҷрои фармон сапречӣ кард.

Матбуоти Русия рӯзи 22 ноябр бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ гузориш доданд, ки дар пасманзари ташаннуҷ Игор Плотнитский ва хонаводаи ӯ ба Маскав фирор карданд. Маскав як бахши марзи давлатии Украина дар минтақаи Луҳанскро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG