Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ даҳҳо нафарро дар масҷиди Нигерия кушта ба ҷой гузошт


Нигерия -акс аз бойгонӣ
Нигерия -акс аз бойгонӣ

Пулиси Нигерия гуфт, ки ҳамлаи интиҳорӣ дар аёлати шимолу шарқии Адамава дастикам 50 нафарро қурбон кард. Мошини ҳомили бомба рӯзи 21 ноябр дар масҷиди шаҳри Мубӣ, вақти намози бомдод мунфаҷир шуд.

Сухангӯи пулис гуфт, ки теъдоди қурбониён бинобар вазъи бӯҳронии баъзе захмиҳо, эҳтимолан афзоиш меёбад.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо дар гузашта гурӯҳи мусаллаҳи Боко Ҳаром борҳо ба маконҳои пурҷамъият ҳамла карда буд.

Дар тӯли ҳашт соли шӯришгарии Боко Ҳаром, дастикам 20 ҳазор инсон кушта шудааст.

Дар ду соли ахир ин аввалин ҳамлаи пурқурбонӣ дар шимолушарқи Нигерия номбар мешавад. Моҳи декабри соли 2016 ду зан дар як ҳамлаи маргталабона ҳудуди 45 нафарро дар бозори Адамава ба ҳалокат расонд.

XS
SM
MD
LG