Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби рондашудаи Мугабе истеъфои ӯро талаб кард


Эммерсон Мнангагва - собиқ ноиби президенти Зимбабве
Эммерсон Мнангагва - собиқ ноиби президенти Зимбабве

Эммерсон Мнангагва - ноби пешини президенти Зимбабве Роберт Мугабе, рӯзи 21 ноябр бо онҳое ҳамовоз шуд, ки истеъфои президенти 93-соларо талаб мекунанд. Мнангагва гуфт, ки президентро зарур аст ба даъвати мардумаш гӯш диҳад ва ба истеъфо равад.

Мнангагва, ки баъди ронда шуданаш аз ҳизби ҳукмрон аз Зимбабве фирор карда буд, гуфт, ки бо Мугабе дар тамос буд ва ба ӯ пешниҳод шуд, ки баргардад. Аммо аммо ӯ, бинобар набуди кафолати амнияташ, аз пешниҳод даст кашид.

Мугабе ноиби раиси ҷумҳур Мнангагваро аз мақом сабукдӯш кард ва мехост ба ҷойи ӯ ҳамсари худаш Грейс Мугаберо таъин кунад. Ин тасмими президент норозигиро дар дар кишвар ба бор овард ва низомиён даст ба табаддулот заданд.

Вазири иттилооти Зимбабве рӯзи 21 ноябр ба хабаргузории Reuters гуфт, маълум нест, ки вазирон ба ҷаласаи кабинет, ки Мугабе даъват кардааст, ҳозир мешаванд ё не. Нишасти кабинети вазирон қабл аз баррасии нобоварӣ ба президент дар порлумон даъват шудааст.

XS
SM
MD
LG