Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи Балҷувон шаш нафар ҷон бохтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи чаппа шудани мошини “УАЗ” дар ноҳияи Балҷувон ба чуқурии 250 метр 6 нафар ҷон бохтаанд. Ҳодиса рӯзи 19-уми нобяр дар рух додааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр гуфтанд, ки ҳалокшудаҳо аз аз 27 то 67 сол доштанд.

"Дар ин ҳодиса ронанда Маҳмадулло Розиқов ва панҷ мусофираш: Абдуғаффор Маҳмадиев, Муҳаббат Розиқов, Сафаралӣ Вайсов, Мирзоалӣ Маҳмадиев ва фарзандаш Рамазони Мирзоалӣ ҷон доданд", - гуфтанд дар ВКД.

Ба қавли манбаъ, ҳамаи ин афрод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Таҳқиқи қазия идома дорад.

Ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Имсол дар Тоҷикистон рӯзона аз як то ду нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аввали сол то моҳи ноябр дар кишвар 1115 садамаи нақлиётӣ рух додааст ва дар натиҷаи онҳо 380 нафар ҷон дода, 1151 нафари дигар маҷрӯҳу маъюб шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, сабабҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ суръати баланди ҳаракат, беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи мошин дар ҳолати мастӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG