Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳраки донишҷӯён бо интернети доимӣ таъмин мешавад


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар садад аст, ки дар шаҳраки донишҷуён интернети беноқили баландсуръат ё Wi-Fi-ро ҷорӣ кунад. Ин тасмими донишгоҳ бо кумаки молии давлати Чин роҳандозӣ хоҳад шуд. Маҳмадсаид Абдураҳмонов, сардори маркази иттиллотию таҳлилии ин донишгоҳ рӯзи 20 ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ рузҳои наздик роҳандозӣ шуда, донишҷуён дар баробари омӯзиш ба шакли электронӣ, ҳамчунин онҳо метавонанд аз китобхонаҳои электронии тамоми дунё истифода баранд.

“Дар ҳолати роҳандозии интернети Wi-Fi ва ё бесим волидон метавонанд имкон пайдо карда, аз донишу баҳои фарзандонашон ҳам бохабар шаванд”, гуфт Абдураҳмонов. Ин кӯмаки молии Чин ба Донишгоҳи миллии Тоҷиистон дар ҳолест, ки маркази забономузии Канфутсий дар бинои ин донишгоҳ фаъолият мекунад. Маблағи истифодаи интернети Wi-Fi ва ё бесим барои донишҷуёни донишгоҳи миллӣ маълум нест. Маҳмадсаид Абдураҳмонов ҳамчунин гуфт, алакай барои интихоби ширкати интернетрасон тендер эълон шудааст.

Донишгоҳи миллӣ, яке аз бузургтарин муассисаҳои олии таълимии кишвар буда бештар аз 20 факултет дорад, ки аксари онҳо дар шаҳраки донишҷуён мебошанд. Иттиҳодияи ироакунадагони интернет дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистонро ҳудуди 4 миллион нафар ё ними сокинони кишвар меномад. Вале аз ин шумор қисмати каме ба тарзи доимӣ ва фаъол ба интернет ворид мешаванд. Аммо дар бораи корбарони интернети навъи Wi-Fi дар Тоҷикистон маълумоти расмӣ нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG