Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ғоратгарони хонаи як чинӣ дар Тоҷикистон


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷустуҷӯи гумонбароне шуруъ кардааст, ки нимашаб бо қасди ғорат вориди манзили шаҳрванди Чин дар Душанбе шудаанд.

Дар ин бора ВКД рӯзи 20 ноябр дар вебсайти худ хабаре нашр кард. Ба иттилои манбаъ, аллакай се гумонбар боздошт шуда, ҷустуҷӯи ашхоси боқимонда идома дорад. Гумонбарон ҳамагӣ сокинони ноҳияи Рӯдакӣ буда, ду нафарашон ноболиғ будаанд. Шумори умумии гумонбарон мушаххас нест.

Манбаъ мегӯяд, ғоратгарони гумонбар шаби 10 ба 11 ноябр ба манзили шаҳрванди 50-солаи Чин дар Душанбе шуда, дар он ҷо марди 47-солаи сокини кӯчаи Алишер Навоиро ба воситаи табар ва корд зада, захмдор намудаанд.

“Сипас дари сейфро бо табар шикаста, аз дохилаш ягон чиз пайдо накарда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани Хисрав ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад”.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG