Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Эътирофи расонаҳо ҳамчун "агенти хориҷӣ" қобили қабул нест


Ҳарлем Дезир
Ҳарлем Дезир

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз қабул шудани лоиҳаи қонуни матбуот дар Русия, ки расонаҳои беруниро "агенти хориҷӣ" эътироф мекунад, нигарон аст. Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир рӯзи 17-уми ноябр гуфт, эътирофи бархе аз расонаҳо ба ҳайси "агенти хориҷӣ" дар ИМА ва Русия ғайри қобили қабул аст.

Ҳарлем Дезир аз ИМА ва Русия даъват кард, аз эътироф кардани расонаҳо ҳамчун "агенти хориҷӣ" худдорӣ варзанд. Вай ҳамчунин аз ҳар ду ҷониб хост, барои эътироф кардани расонаҳо ҳамчун "агенти хориҷӣ" далелҳои қонеъкунанда биоранд.

Дар изҳороти расмии Ҳарлем Дезир омадааст, ки ҳамаи кишварҳои узви САҲА дар соли 1975 Санади ниҳоии Хелсинкиро имзо кардаанд, ки ин санад ба озодона паҳн шудани иттилоъ даъват мекунад.

Думаи давлатии Русия рӯзи 15-уми ноябр дар хониши дувум тағйиротро ба қонуни матбуоти он кишвар қабул кард. Бар асоси матни тағйирот, расонаҳои хориҷие агенти хориҷӣ эътироф мешаванд, ки дар ҳудуди кишвари дигар сабт шудаанд ё аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд. Дар ҳамин ҳол, раиси ҷиноҳи "Русияи воҳид" Сергей Неверов рӯзи чаҳоршанбе гуфт, қонуни нав ба расонаҳои Русия, ки қисме аз сармояашон ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ дорад, дахл нахоҳад кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, ин иқдоми онҳо посух ба амали ҳамтоёни амрикоияшон аст, ки мехоҳанд, телевизиони русии RT-ро ҳамчун агенти хориҷӣ ба қайд гиранд. Дар Департаменти давлатии ИМА гуфтанд, ки қонуни Амрико дар бораи агентҳои хориҷӣ аз гузинаи русӣ ба куллӣ фарқ дошта, ба ҳеч ваҷҳ озодии матбуотро маҳдуд намекунад. Томас Кент, президенти "Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ" гуфт, "телевизиони RT дар Амрико тавассути кабел пахш мешавад, дар ҳоле ки Радиои Озодӣ дар Русия аз ин имконият маҳрум аст".

XS
SM
MD
LG