Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА тарҳи Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро пайгирӣ мекунад


Рамзи Департаменти давлатии ИМА
Рамзи Департаменти давлатии ИМА

Департаменти давлатии ИМА қонуни Русияро, ки матавонад ВАО-ро "агенти хориҷӣ" эътироф кунад ва шеваи табиқи онро ҷиддан пайгирӣ мекунад. Аз сӯи дигар дар Вашингтон ба ин назаранд, ки Русия аз қонуни Амрико дар бораи сабти номи агентҳои хориҷӣ (FARA), бардошти нодуруст дорад. Дар ин бора ТАСС рӯзи 16 ноябр бо такя ба намояндаи расмии идораи сиёсати хориҷӣ гузориш дод.

"Мо бо ҳамсӯҳбатҳои русамон шарҳ додем, ки FARA шаффофиятро таъмин мекунад ва озодии мутботро маҳдуд намекунад. Ин қонун ягон кишвари мушаххасро дар назар надорад, нашри маводро маҳдуд намесозад ва танҳо талаб мекунад, ки ба сифати агенти хориҷӣ сабт шаванд ва ҳангоми пахши мавод зикр кунанд, ки ин мавод маҳз аз тарафи кишвари хориҷӣ омода мешавад",- гуфтааст намояндаи Департаменти давлатӣ.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар як изҳорот гуфт, "аз пешгӯии тадобире, ки дар робита ба ВАО-и хориҷӣ пиёда мешавад ва таъсири ин чораҳо ширкати мо худдорӣ мекунад".

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тазаккур додааст, ки рисолаташ аз пешниҳоди ахбори дурусту беғаразона ва бетарафона ба муштариёнаш дар саросари дунё, аз ҷумла Русия иборат аст.

XS
SM
MD
LG